Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашри ду китоби Саидқосими Қиёмпур дар Душанбе (ВИДЕО)


Нахустин китобҳои Саидқосими Қиёмпур, корманди бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар кишвари Чех, бо номи “Гар таҳаммул пеша дорӣ, одамӣ!” ва «Нардбон» аз чоп баромаданд.

Китоби “Гар таҳаммул пеша дорӣ, одамӣ!”, ки аз 180-саҳифа иборат аст, гузоришу мусоҳиба ва мақолаҳои Саидқосим Қиёмпурро, ки бештарашон дар барномаи “Ойини мадоро”-и Радиои Озодӣ пахш шудаанд, дар бар мегирад.

Китоби дигари ӯ зери унвони «Нардбон» фарогирандаи ҳикояҳои ҳаҷвӣ, латифаҳо ва танзҳои рӯзноманигор мебошад. «Нардбон» дар нашриёти “Адиб” бо номи аз чоп баромада, муаллиф дар он ҳамчунин саргузаштҳои аҷоиби бархе аз нависандагону рӯзноманигорони тоҷикро ҷой додааст.

“Ҳарфи мулло беҳтар аз гуфтори ӯст”, “Ҷиҳод ба хотири Ислом ё барои молу пул?”, “Тоҷикистон пири тариқат дорад?” ва “Шиаву суннӣ: Дар моварои ҷангу оштӣ?” аз мавзӯъҳои китоби “Гар таҳаммул пеша дорӣ, одамӣ!” мебошанд.
Саидаҳмади Қаландар, адабиётшиноси тоҷик дар пешгуфтори “Гар таҳаммул пеша дорӣ, одамӣ!” гуфтааст, “Дар ин росто агар гӯем, ки Саидқосими Қиёмпур аз сӯҳбату андешаҳои шахсиятҳои шинохтаи ҷумҳурӣ ва кишварҳои дигар як доиратулмаорифи кӯчак дар шинохти маънавиёт омода кардааст, ғалат нахоҳад буд.”

Ба қавли ҷаноби Қаландар мутолиаи ин рисолаи Қиёмпур дар тарбияи маънавии ҷавонон, аз роҳи таассубу тундгароӣ канор рафтани онон, ҳақро аз ботил ҷудо карда тавонистани онҳо ва ҳамқадами замон буданашон кумаки беандоза хоҳад кард. “Гар таҳаммул пеша дорӣ, одамӣ!” дар нашриёти “ЭР-Граф”-и Душанбе бо теъдоди 500 нусха рӯи чоп омадааст.

Саидқосими Қиёмпур 57 сол дошта, фориғуттаҳсили Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва Мактаби олии ҳизбӣ дар Тошканд мебошад. Аз соли 1995 хабарнигори Радиои Озодӣ дар Маскав ва аз соли 1999 то соли 2001 мудири бахши ин радио дар Душанбе буд.
XS
SM
MD
LG