Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиши бомб 12 нафарро дар Ғазнӣ кушт


Мақомоти Афғонистон мегӯянд, дар натиҷаи таркиши бомбе дар канори роҳ 12 нафар аз ҷумла 7 зан кушта шуданд. Ин ҳодиса рӯзи 31-уми май дар ноҳияи Гиро дар вилояти Ғазнӣ ба вуқӯъ пайваст. Абдулло Хайрхоҳ, раиси ноҳия гуфт, мошини ин афрод, ки аз ҷашни арӯсӣ бармегаштанд, ба бомб бархӯрдааст. Ду нафари дигар дар ин таркиш ҷароҳат бардоштаанд. Ҳеҷ касе масъулияти бомбгузориро бар дӯш нагирифтааст, вале Толибон дар ҷанг ба зидди нерӯҳои давлатии Афғонистон умдатан аз ҳамин усул ба кор мебаранд.
XS
SM
MD
LG