Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷон Керри дар бораи машқдидаҳои Русия сӯҳбат кард


Ҷон Керри
Ҷон Керри
Ҷон Керри-вазири корҳои хориҷаи Амрико мегӯяд, нируҳои Русия, ки дар марз бо Украина таҷаммуъ карда буданд, ба ақиб ба самти Маскав бармегарданд, вале “нишонаҳои хатар” ҳанӯз вуҷуд дорад, яъне русҳои машқдида аз марз ба қаламрави шарқии Украина мегузаранд.

Ҷон Керри шоми 29 май ин нуктаро аз телевизиони PBS иброз дошт ва гуфт, нишонаҳое ҳаст, ки афроде аз Чеченистон дар Русия омӯзиш мебинанд ва ба Украина фиристода мешаванд, то дар он ҷо ҷангҳоро созмондиҳӣ кунанд.

Кохи Сафед изҳори нигаронӣ кардааст, ки аслиҳаи муосири пешрафта аз хориҷро ҷудоихоҳон истифода мекунанд ва 29 май чархболеро заданд ва 14 нафар сарнишинони онро куштанд, ки дар миёни онҳо як генерали артиш низ буд.
XS
SM
MD
LG