Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарордоди ташкили Иттиҳодияи Иқтисодии АвруОсиё имзо шуд


Путин, Назарбоев ва Лукашенко Иттиҳодияи Иқтисодии АвруОсиё ташкил карданд
Путин, Назарбоев ва Лукашенко Иттиҳодияи Иқтисодии АвруОсиё ташкил карданд
Дар Остона-пойтахти Қазоқистон раисони ҷумҳури Русияву Беларус ва Қазоқистон Владимир Путин, Александр Лукашенко ва Нурсултон Назарбоев дар бораи ташкили Иттиҳодияи Иқтисодии АвруОсиё қарордод имзо карданд. Дар ин иттиҳодия Русия нақши раҳбариро дорад.

Ин қарордод аз 1 январи соли 2015 эътибор пайдо мекунад ва байни ин кишварҳо муқаррароти ягонаи гумрукӣ ҷорӣ мешавад, яъне ин се кишвар қаламрави ягонаи гумрукӣ дониста хоҳанд шуд.

Мунаққидон мегӯянд, ки Маскав талош дорад Иттиҳоди Шӯравиро дар шакле барқарор созад, вале Путин ин гуфтаҳоро рад мекунад. Дар поёни рӯзи 29 май руасои ҷамоҳири Арманистон ва Қирғизистон низ ба се раиси ҷумҳур ҳамроҳ хоҳанд шуд. Ин ду кишвар низ ҳавохоҳи узвият дар ин иттиҳодия ҳастанд.

Интизор меравад, ки Путин ва Назарбоев бо ҳам алоҳида мулоқот кунанд ва як қарордод дар бораи сохтмони нахустин ниругоҳи ҳастаӣ дар Қазоқистон ба имзо расонанд.
XS
SM
MD
LG