Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон барномаи Амрикоро интиқод карданд


Гурӯҳи Толибон барномаи нави ихроҷи тадриҷии нерӯҳои Амрико аз Афғонистонро “идомаи ишғоли” ин кишвар хонд, вале ду номзад ба мақоми раиси ҷумҳури Афғонистон ҳанӯз дар робита ба он тарҳ изҳори назар накардаанд. Рӯзи 27-уми май Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, гуфт, ки пас аз соли 2014-ум 9800 сарбози кишвараш дар Афғонистон мемонанд. Ба гуфтаи Барак Обама, то соли 2015 нисфе аз он сарбозон Афғонистонро тарк мекунанд ва то поёни соли 2016 танҳо теъдоди ками онҳо барои таъмини амнияти сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Кобул мемонанд. Толибон рӯзи 28-уми май бо нашри баёнияе гуфтаанд, ки идомаи ҳузури нерӯҳои Амрико “беэҳтиромӣ ба истиқлол, мазҳаб ва ҳуқуқи инсон” дар Афғонистон аст. Абдулло Абдулло, вазири собиқи умури хориҷӣ ва Ашраф Ғанӣ, вазири собиқи молияи Афғонистон номзадҳо ба мақоми раиси ҷумҳур дар ҳоли омӯзиши барномаи Амрико будаанд. Нерӯҳои Амрико ба шарте дар Афғонистон хоҳанд буд, ки Созишномаи дуҷонибаи амниятӣ миёни ду тараф имзо шавад. Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон аз имзои ин санад худдорӣ кард, вале доктор Абдулло ва Ашраф Ғанӣ гуфтаанд, ки дар сурати пирӯзӣ созишномаро имзо мекунанд.
XS
SM
MD
LG