Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ ҳукми вазири пешинро эълон мекунад


Давит Кезерашвилӣ
Давит Кезерашвилӣ
Интизор меравад, ки 27 май додгоҳи шаҳрии Тифлис ҳукми Давит Кезерашвилӣ-вазири пешини дифои Гурҷистонро эълон кунад. Кезерашвилӣ ҳоло дар Фаронса ба сар мебарад ва мурофиаи додгоҳии вай дар ғиёбаш сурат гирифтааст. Вай 35 сола аст ва моҳи октябри соли гузашта бо дархости Гурҷистон боздошт шуд ва баъдтар бо васиқа вайро раҳо карданд.

Бозрасони Гурҷистон мегӯянд, ки Кезерашвилӣ барои шустушӯи пул, фурӯши ғайриқонунии дороӣ ва 12 миллион доллар ришва барои қочоқ кардани алкогол ба Гурҷистон муттаҳам дониста мешавад.

Додгоҳ ҳукм кардааст, ки Кезерашвилӣ ба Гурҷистон дода шавад. Вай аз ҳампаймонҳои наздики Михаил Саакашвилӣ-раиси ҷумҳури пешини Гурҷистон аст.
XS
SM
MD
LG