Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргириҳо дар фурудгоҳи Донетск қатъ шудааст


Рӯзи душанбе дар шаҳрҳои Донетск, Мариупол ва Славянск даргириҳои миёни ҷудоихоҳон ва низомиёни Украина идома ёфт. Дар байни ҷудоихоҳон кушташудагон ва захмиҳо ҳастанд. Дар байни мардуми маҳаллӣ низ қурбониён вуҷуд дорад.

Арсен Аваков-вазири корҳои дохилаи Украина хабар дод, ки аз низомиён касе кушта нашудааст. Даргириҳои шадид рӯзи душанбе баъд аз он рух дод, ки ҷудоихоҳон фурудгоҳи байналмиллалии ба номи Сергей Прокофевро дар Донетск ишғол карданд.
Баъд аз чанд соати ворид овардани зарба аз тӯпхонаву ҳаво ҷудоихоҳон ба маркази шаҳр ақибнишинӣ карданд.

Субҳи рӯзи сешанбе амалиёти низомӣ дар Донетск боздошта шуд. Бино ба гузоришҳои расида аз дафтари вилоятии Донетск, 15 нафар бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористонҳои шаҳр интиқол дода шудаанд. Вале дар бораи шумораи дақиқи кушташудагон маълумот вуҷуд надорад.
XS
SM
MD
LG