Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди муовини раиси Кумитаи Салиби Сурх аз Тоҷикистон


Кристин Берлӣ, муовини раиси Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (КБСС), рӯзи якшанбеи 25-май, барои аввалин сафари худ ба Тоҷикистон вориди шаҳри Душанбе гаштааст. Аз дафтари матбуоти Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх дар шаҳри Душанбе хабар доданд, ки дар давоми сафар Кристин Берлӣ бо мақомоти баландпояи Тоҷикистон ва бо раҳбарии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ҷиҳати гуфтугӯ дар мавриди фаъолиятҳои феълии КБСС ва дурнамои башардӯстона мулоқотҳо анҷом хоҳад дод. Хонуми Берлӣ ҳамчунин бо хонаводаҳое, ки аз кумакҳои иқтисодии КБСС бархурдоранд мулоқот кардааст. Боздид аз Маркази ортопедии Душанбе, ки тавассути Сандуқи вижаи маълулони КБСС пуштибонӣ мешавад, низ баргузор хоҳад шуд. Илова бар ин, Кристин Берлӣ аз сохтори КБСС барои пуштибонӣ аз Афғонистон, ки аз сентябри соли 2013 бо мусоидати мақомоти Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст, боздид хоҳад кард.

Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх намояндагии худро дар Тоҷикистон дар январи соли 1993 дар вокуниш ба ҷанги дохилӣ ифтитоҳ кард.
XS
SM
MD
LG