Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порошенко дар интихобот пирӯз мешавад


Бино ба натиҷаҳои пешакии интихоботи раёсати ҷумҳурии Украина, шояд Петро Порошенко, миллиардери украинӣ, дар даври аввал пирӯз мешавад. Кумиссиёни марказии интихоботи Украина рӯзи 26-уми май гуфт, ки бар асоси шумориши орои нисфи ҳавзаҳои интихоботӣ, Порошенко 54 дар сади раъйи мардумро ба даст овардааст. Ба гуфтаи дафтари матбуоти кумиссиён, Юлия Тимошенко, нахуствазири собиқи Украина, танҳо 13 дар сади оро ва номзадҳои дигар аз ин камтарро соҳиб шудаанд. Петро Порошенко эълон кард, ки дар интихобот пирӯз шудааст. Петро Порошенко, миллиардери украинӣ ва соҳиби ширкатҳои қаннодӣ гуфт, аввалин вазифаи ӯ ба ҳайси раиси ҷумҳур “хотима додан ба ҷанг ва барқарор кардани сулҳ” дар Украина аст ва аввалин сафараш ҳам ба шарқи кишвар мешавад, ки ҳоло дар дасти ҷудоихоҳони тарафдори Русия аст. Петро Порошенко ҳамчунин гуфт, ки ҳеҷ гоҳ натиҷаҳои раъйпурсии Қрим ва ишғоли нимҷазира аз тарафи Русияро қабул нахоҳад кард ва афзуд, ки мардуми кишвараш роҳи ҳамгироӣ бо Аврупоро пеш гирифтааст.
XS
SM
MD
LG