Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазирони кишварҳои туркзабон мулоқот мекунанд


Вазирони умури хориҷии Озарбойҷону Туркманистону Туркия дар шаҳри Боку ҳамкориҳои дуҷониба ва сеҷонибаро баррасӣ мекунанд. Элмар Мамадёров, вазири умури хориҷии Озарбойҷон, Рашид Мередов аз Туркманистон ва Аҳмад Довудоғлу аз Туркия рӯзи 26-уми май дар шаҳри Боку мулоқот доранд. Вазирони се кишвари туркзабон бахусус ҳамкориҳо дар асари энержӣ ва нақлиётро баррасӣ мекунанд. Аҳмад Довудоғлу, вазири умури хориҷии Туркия аз Боку ба Русия сафар мекунад ва рӯзи 27 май бо мақомоти он кишвар масоили омодагӣ ба нишасти Шӯрои ҳамкориҳои стротегии Русиву Туркияро баррасӣ мекунад. Ин нишаст охири ҳамин сол дар Туркия баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG