Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси парлумони Покистон ба Тоҷикистон омад


Субҳи имрӯз, душанбеи 26 май спикер ё Раиси Ассамблеяи Миллии Покистон, палатаи поёнии порлумони ин кишвар бо сафари се рӯзаи расмӣ вориди шаҳри Душанбе шуд. Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии порлумони тоҷикистон зимни тасдиди ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Сардор Аёз Содиқ, раиси Ассамблеяи Миллии Покистонро дар фурудгоҳи Душанбе Амиршо Миралиев, муовини раиси Маҷлиси Намондагони Тоҷикистон истиқбол гирифт. Ба гуфтаи ҷаноби Султонов, Сардор Аёз Содиқ нахустин мулоқоти худро имрӯз бо Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон баргузор мекунад. Ҳамчунин ба таъкиди сухангӯи Маҷлиси Намяондагони Тоҷикистон дар ҷараёни сафари худ, раиси Ассамблеяи Миллии Покистон бо президент Эмомалӣ Раҳмон, Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии порлумон, Абдураҳим Қаҳҳоров, котиби Шӯрои амният, Саймӯъмин Ятимов, раиси КДАМТ ва Усмоналӣ Усмонозода, вазири энергетика ва захираҳои обӣ мулоқотҳо анҷом медиҳад. Масоили марбут ба густариши равобити байни порлумонӣ, ҳамкориҳои ду кишвар ва ҳамчунин амнияти минтақа аз мавзуъоти дидору гуфтуги спикер ё раиси Ассамблеяи Миллии Покистон бо мақомоти Тоҷикистон унвон мешавад. Ҳамзамон ба иттилои Муҳаммадато Султонов, тибқи барномаи сафари расмии Сардор Аёз Содиқ, вай аз нирӯгоҳи барқӣ-обии Норак низ дидан хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG