Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳпаймоии ҷудоихоҳон дар назди хонаи Ринат Аҳметов


Ринат Аҳметов
Ринат Аҳметов
Садҳо нафар ҷудоихоҳони ҳаводори Русия, ки баъзе аз онҳо ниқобпӯш буданд, 25 май дар назди хонаи Ринат Аҳметов-сарватмандтарин одами Украина дар шаҳри Донетск гирдиҳам омаданд.

Аҳметов миллиардере, ки сарвати худро аз ангишт ва маъдан ба даст овардааст, коргарони корхонаҳои худро ташвиқ карда буд, ки дар райдиҳӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Украина ширкат ҷӯянд.

Дар корхонаҳои вай тақрибан 300 ҳазор нафар коргарон кор мекунанд. Вай ҳафтаи гузашта ҷудоихоҳонро барои “қатли ом” муттаҳам кард ва аз коргаронаш хост, ки дар раҳпаймоӣ ба ҷонибдорӣ аз ҳукумати Киев ва якпорчагии Украина ширкат кунанд. Хонаи вайро дар канори шаҳри Донетск афроди мусаллаҳ посбонӣ мекунанд.

Вай ҳамчунин аз коргарони худ дар бандари Мариуполи баҳри Азов хост, ки ба пулис кӯмак кунанд ва ҷудоихоҳонро аз биноҳои маъмурии шаҳр биронанд.

25 май баъзе аз ҳавзаҳои интихоботӣ дар ин шаҳр боз буданд ва он нишон медиҳад, ки ҳукумат контроли баъзе аз қисматҳои шаҳрро дар ихтиёр дорад.
XS
SM
MD
LG