Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи сарнавиштсози Украина идома дорад


Баъд аз се моҳи барканории раиси ҷумҳури ҷонибдори Русия 25 май шаҳрвандони Украина ба пои сандуқҳои рай рафтанд, то раиси ҷумҳури нави худро интихоб кунанд.

Ҳамзамон дар ду минтақаи шарқии ин кишвар, яъне дар Донетск ва Луҳанск ҷуоихоҳон талош карданд мардумро аз ширкат дар интихобот боздоранд. Дар шаҳри Киев ва шаҳрҳои дигари ғарбии Украина барои райдиҳӣ мардум дар назди қитъаҳои райдиҳӣ навбат мегирифтанд.

Арсений Ятсенюк- кафили нахуствазири Украина баъд аз андохтани баргаи рай ба сандуқ гуфт, мо бо интихоботи худ ҷудоихоҳонро ноком хоҳем кард.
XS
SM
MD
LG