Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ва Беларус хостори рушди ҳамкориҳо шуданд


Лукашенко ва Раҳмон (акс аз бойгонӣ)
Лукашенко ва Раҳмон (акс аз бойгонӣ)
Тоҷикистон ва Беларус изҳори омодагӣ кардаанд, ки дар чаҳорчӯбаи Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ ҳамкориҳои низомиву техникиро идома медиҳанд.

Баъд аз музокира бо Александр Лукашенко-раиси ҷумҳури Беларус Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки ҳар ду ҷониб бар асоси қарордодҳои мавҷуда ҳамкориҳоро дар оянда равнақ хоҳанд дод. Дар Минск ҷонибҳо дар бахшҳои меъмориву сохтмон, саноати сабук ва варзиш як силсила асноди ҳамкорӣ имзо карданд.

Лукашенко гуфт, ки ин ду кишвар узви як созмони низомӣ-сиёсӣ ҳастанд ва агар Беларус имкон дошта бошад дар бахшҳои дифоъ ва масъалаҳои марзӣ кӯмак мекунад. Вай ҳамзамон таъкид кард, ки Беларус омода аст, дар тарбияи коршиносони низомӣ ва ғайринизомӣ ба Тоҷикистон кӯмак расонад ва ҳатто барои ин кор дар қаламирави Тоҷикистон марказҳои таълимӣ боз кунад.
XS
SM
MD
LG