Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дмитрий Рогозин бо Башор Асад мулоқот кард


Дмитрий Рогозин
Дмитрий Рогозин
Дмитрий Рогозин-муовини нахуствазири Русия бо Башор Асад-раиси ҷумҳури Сурия дидор ва гуфтугӯ кард. Вай 24 май дар сафҳаи Twitter-и худ навишт, ки бо мақомоти расмии Сурия дар Димишқ мулоқот кардааст ва мулоқот бо Башор Асад дар ҳоли анҷмёбист.

Дар ин сафҳа ҳамчунин акси Рогозон бо Башор Асад оварда шудааст, ки дасти якдигарро мефишоранд. Баъд аз мулоқот бо раиси ҷумҳури Сурия Рогозин шароити интихоботи Сурия ва Украинаро бо ҳам қиёс кард ва гуфт, интихоботи Сурия ба таври ҷиддӣ тибқи Қонуни Асосӣ баргузор шуд ва “натиҷаи кудето ё табаддулоти давлатӣ ва забти ҳокимият нест”.

Ҳамзамон бо мулоқотҳои Рогозин дар Димшқ, Русия эълон кардааст, ки дар солҳои 2016-2017 ба Сурия 12 ҳавопаймои ҷангии MiG-29M/M2 медиҳад.

Сергей Коротков-раиси корхонаи тавлиди МиГ гуфт, ки ин ҳавопаймоҳо бар асоси қарордоди соли 2007 дар ихтиёри Сурия гузошта мешаванд.
XS
SM
MD
LG