Дар Эрон як соҳибкори миллиардер, ки барои фасоди бонкӣ ба маблағи 2,5 миллиард доллар муттаҳам дониста мешавад, субҳи рӯзи шанбе дар зиндони Эвини Теҳрон ба дор кашида шуд. Бино ба гузориши ИРНО, ҳукми эъдоми Маҳофарид Амир Хусвравӣ, ки бо номи Амир Мансур Ориё низ шинохта шуда аст, дар зиндон иҷро шудааст.
Хусравӣ ғайриқонунӣ барои ба даст овардани дороиҳои чанд ширкати давлатӣ аз бонк қарзҳои бузург гирифта буд. Бо ин парванда ҳамчунин 39 нафари дигар муттаҳам дониста мешаванд. 4 нафари онҳо маҳкум ба эъдом шудаанд. Ду нафар ба ҳабси абад маҳкум шудаанд. Афроди боқимонда ҳар яке 25 солро дар зиндон сипарӣ хоҳанд кард.