Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар садама 6 узви як оила ҳалок шуд


Дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ дар роҳи мошингароди шаҳри Қурғонтеппа 6 нафар ба ҳалокат расидаанд. Аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохила хабар доданд, ки ин ҳодиса рӯзи 23-уми май дар роҳи мошингарди Қурғонтеппа – Ҷалолиддини Румӣ рух доддааст. Ба гуфтаи ин манбаъ ронандаи мошини “Мерседес-Бенс” Далерҷон Боймуродови 28-сола, сокини ноҳияи Панҷ ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Қурғонтеппа ба самти ноҳияи Ҷалоддини Румӣ, дар ҳудуди ноҳияи Бохтар қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя накарда, ҳангоми ба сабқат баромадан ба автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” таҳти идораи ронанда Умедҷон Эмомов, мутаваллиди соли 1982, сокини шаҳри Душанбе бархӯрдааст. Дар натиҷаи зарбаи он автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”-и дуюм, ки дар дохили он аъзои як оила будаанд, ба муқобили самти ҳаракати мошини КАМАЗ баромадааст. Дар ин ҳолат автомашинаи КАМАЗ ба қисми қафои “Мерседес-Бенс”-и дувум бармехӯрад. Дар натиҷаи ин садамаи нақлиётӣ 6 нафар аз автомашинаи “Мерседес-Бенс”-и дувум - Фарзона Эмомоваи 26-сола, Рухшона Эмомоваи 27-сола, Парвина Эмомоваи 36-сола, Беҳзод Ғаффурови 6-сола дар ҷои ҳодиса ва Роҳила Ғафуроваи 5-сола ва Равшан Эмомови 2-сола дар беморхона ба ҳалокат расидаанд. Аммо ронандаи автомашинаи мазкур Умедҷон Эмомов, хурдсол Хуршеда Эмомоваи 6-сола ва Ҳидоят Ишматоваи 56-сола, сокинони шаҳри Душанбе ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштаанд.
XS
SM
MD
LG