Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин мегӯяд, таҳримот бар зарари Ғарб аст


Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, гуфт, таҳримоти эъмолкардаи кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия бар зарари худи ҳамон кишварҳо тамом мешавад. Владимир Путин дар форуми иқтисодӣ дар шаҳри Санкт Петербург рӯзи 23-уми май гуфт, Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико бо амалкардҳо ва таҳримоташон бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодиро бадтар мекунанд. Раиси ҷумҳури Русия афзуд, модели ҷаҳони якқутбӣ ба ҷое нарасидааст ва кишвараш бояд иқтисодашро аз пойбандӣ ба содироти нафту газ раҳо кунад. Владимир Путин, раҳбарони нави Украинаро барои нотавониашон дар пардохти ҳаққи гази воридотӣ танқид кард ва гуфт, ки ҳукумати Киев, аз нақши Украина дар транзити гази русӣ ба Аврупо сӯистифода мекунад. Владимир Путин баъди суханронӣ зимни суолу ҷавоб бо ҳозирон гуфт, ки ба раъйи мардуми Украина, ки рӯзи 25-уми май раиси ҷумҳур интихоб мекунанд, эҳтиром мегузорад ва нигаронии бузурги Русия ин аст, ки Украина дар ниҳоят ба НАТО мепайвандад.
XS
SM
MD
LG