Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавои "ларзон" дар марзи Тоҷикистону Афғонистон


Бо вуҷуди он ки Тоҷикистон хостори кӯмак ба таҳкими марзаш бо Афғонистон аст, масъулони нерӯҳои марзбонӣ мегӯянд, дар 20 сол ба дараҷае тавонманд шудаанд, ки марзро дифоъ хоҳанд кард.

Нерӯҳои марзбони Тоҷикистон дар ҳоле 20-солагии худро ҷашн мегиранд, ки ҷунбиши Толибон дар он сӯи марзи Афғонистон ба ҳамлаи баҳорӣ гузаштаанд ва қарор аст, то поёни сол қувваҳои НАТО аз ин кишвар раванд. Дар ин робита бисёриҳо аз ташаннуҷи авзоъ дар марзи ҷанубии Тоҷикистон ҳушдор медиҳанд.

Аммо Хусрав Ғаюров, як масъули Идораи нерӯҳои марзбонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон мегӯяд, ҳарчанд ин ниҳод дар як давраи бӯҳронии таърихи кишвар таъсис ёфт, дар давоми 20 сол таҷрибаи ғанӣ ва зарфияти кофӣ андӯхтааст, ки пеши роҳи ҳар нерӯи таҷовузгарро бигирад: «Ҳар хатаре, ки пайдо мешавад, бовар дорем, ки марзбонони мо омодаи пешгирӣ аз он ҳастанд. Ҳамаи афсарону сарбозон ҷиддан дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ тарбият ёфтаанд, ки муҳимияти ҳифзи марзро хуб дарк мекунанд. Хизмати модар-ватан ва хоки Тоҷикистон вазифаи муқаддаси ҳамаи мо ҳаст ва ҳеҷ нерӯе иродаи марзбононро ҷиҳати ҳифзи марзи давлатӣ шикаста наметавонад».

Ин масъули Идораи марзбонӣ мегӯяд, ҳоло сокинони навоҳии наздимарзӣ барои ҷилавгирӣ аз марзшиканӣ бо онҳо ҳамкории қавӣ доранд ва амният дар марз нисбат ба чанд соли пеш хеле хубтар аст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки сокинони деҳоти наздимарӣ мегӯянд, ҳанӯз ҳам дар Бадахшону Хатлон марзшиканӣ ва гаштугузори ғайриқонунии шаҳрвандони Афғонистон мушоҳида мешавад.

Гурез Муродов, як сокини ин ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон рӯзи чоршанбеи 22-уми май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳамеша дар мавзеъҳои марзӣ, ҳатто дар минтақаҳое, ки он ҷо марзбонон дидбонгоҳ доранд, гаштугузори ошкорои шаҳрвандони Афғонистон мушоҳида мешавад. «Ин як солу ду сол нест. Аз замоне, ки русҳо буданд, то ҳол ҳамин аҳвол аст. Сарбозон дар дидбонгоҳ хобанд, аммо афғонҳо ба он ҷо гузашта ба деҳаҳо меоянд. Тобистон дар як қисми Шӯрообод ҳатто молу говашонро оварда мечаронанд. Он ҷо моро рафтан намемонанд, аммо афғонҳо баҳузур мегарданд».

Ин сокини ноҳияи марзӣ мегӯяд, ҳамкории миёни онҳо ва марзбонон қавӣ нест ва мардум бинобар эътимод надоштанд ба марзбонон аз ҳодисаҳои марзшиканӣ онҳоро хабардор намекунанд.

«Чанд бор шуд, ки агар хабардор ҳам кунӣ, касе аз қафои марзшиканон намешавад. Ё зуд шубҳа мекунанд, ки ту бо қочоқчиён ҳамкорӣ дорӣ, ки аз марзшиканиашон огоҳ шудӣ. Барои ҳамин ҳама метарсад, ки бо онҳо ҳамкорӣ кунад.»
Масъулони Идораи марзбонӣ мегӯянд, ҳодисаҳои марзшиканӣ бештар дар марзи Афғонистону Тоҷикистон дар қитъаҳои марзии Панҷу Шӯрообод, ки бинобар кӯҳӯ дараҳои касногузар доштан душворназорат аст, мушоҳида мешавад. Хусрав Ғаюров, масъули Идораи марзбонӣ мегӯяд, солҳои аввали таъсисёбӣ марзбонон аз надоштани техника ва таҷҳизоти замонавӣ танқисӣ мекашиданд, аммо ҳоло бо кӯмаки ҳукумати Тоҷикистон ва созмонҳои байналмиллаӣ ин мушкил аз миён рафтааст.

Мансур Умаров, муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар як ҳамоиш моҳи гузашта гуфт, ҷомеаи ҷаҳонӣ барои таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон дар се соли ахир «45 миллион доллар кӯмак кардааст, ки ин ба ташкили низоми нави идоракунии сарҳад таъсири хуб расонидааст».

Инчунин, Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ, ки Тоҷикистон ҳам узви он аст, барои кӯмак дар таҳкими марз изҳори омодагӣ карда буд, аммо бо гузашти чанд моҳ ин ваъда иҷро нашуд. Ҳатто Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо ёдоварӣ аз ин дар нишасти ахири СПАД, ки аввали ҳамин моҳ баргузор шуд, ин мавзӯъро дубора матраҳ карда, аз амалӣ нашудани ваъдаҳо ёдоварӣ карда буд.

Талош барои таҳкими марзи миёни Афғонистону Тоҷикистон дар ҳолест, ки Нуралишо Назаров, собиқ муовини фармондеҳи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон мегӯяд, то замоне, ки Афғонистон ноамн аст, эҳтимоли хатарҳо аз ин кишвар зиёд аст.

«Ба ҳамин хотир таҳким бахшидани марз зарур аст. Бояд сарбозон ҳамеша дар ҳолати хуби дифои қарор дошта бошанд. Барои дуруст назорат кардани сарҳад бояд сарбозон шиками сер дошта бошанд. Техника дошта бошанд ва бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз бошанд. Замоне, ки мо кор мекардем, сарбоз шиками гурусна дошт ва ҳеҷ техникае барои назорати марз надоштем. Ҳоло ба фикрам шароит хубтар шудааст».

Коршиносон мегӯянд, то кунун марзи миёни Афғонистону Тоҷикистон аз ҷониби қочоқчиён истифода мешавад, ки чандон хатари ҷиддие ба давлатдорӣ надорад. Аммо бо хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон эҳтимоли истифода шудани ин марз аз ҷониби ҷангҷӯён низ вуҷуд дорад.

Баҳромшоҳ Раҳматуллоев, яке аз собиқ афсарони нерӯҳои марзбонӣ мегӯяд: «Хабарҳои зиёд пахш мешаванд, ки Толибон дар марзҳои Тоҷикистон нуфузи худро бештар мекунанд. Вазъ дақиқу аниқ пешгӯишаванда нест. Ҳоло вазъ дар сарҳади мо хубтар шудааст, ҳарчанд, ҳодисаҳои сарҳадшиканӣ зиёд аст. Ин ҳодисаҳои одӣ аст ва то вақте сарҳад ҳаст, сарҳадшиканӣ мешавад. Аммо Худо паноҳ диҳад, ки ин сарҳадро гурӯҳҳои сияҳкор истифода ва ҳуҷум накунанд».

Тибқи навиштаи расонаҳо дар сафи Толибоне, ки дар Бадахшони Афғонистон фаъоланд, тоҷикистониҳо низ зиёданд, ки эҳтимоли вуруди онҳо ба Тоҷикистон низ ҳаст.

Аммо Амирқул Азимов, собиқ дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон дар як сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон ҳеҷ паёмади баде барои Тоҷикистон нахоҳад дошт: «Ҳар чӣ тезтар қувваҳои НАТО аз Афғонистон хуруҷ кунанд, ҳамин қадар оромӣ дар минтақа ҳукмфармо мегардад. Кист Толиб? Фарзанди Афғонистон аст ва хоҳу нохоҳ бояд дар Афғонистон зиндагӣ кунанд. Ҳеҷ хатаре барои Тоҷикистон вуҷуд надорад», гуфт ӯ.

Зимнан, марзи миёни Афғонистону Тоҷикистон, бо тули ҳудуди 1400 километр, ҳарчанд, ҳеҷ қитъаи баҳсбарангезе надошта бошад ҳам, аммо аз ноамнтарин ва душворназоратарин қитъаи марзӣ барои марзбонони тоҷик дар ду даҳсолаи ахир будааст.

Мақомоти амниятии Тоҷикистон мегӯянд, дар 3 соли охир дар марз бо Афғонистон 36 силоҳбадаст кушта ва 3,5 тонна маводи мухаддир ва 120 мил аслиҳа мусодира шудааст.
XS
SM
MD
LG