Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақшаи узвияти Қирғизистон дар Иттиҳоди Гумрукӣ баррасӣ шуд


Ҳизби ҳокими Сотсиал-Демократи Қирғизистон нақшаи пайвастани кишвар ба Иттиҳоди Гумрукии ба раҳбарии Русияро тасвиб кард. Раҳбари ҷиноҳи ин ҳизб дар порлумон Чунубой Турсунбеков рӯзи 23-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки санади мазкур акнун бояд дар ҷиноҳҳо ва кумитаҳои порлумон баррасӣ шавад. Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури Қирғизистон, рӯзи 20-уми май дар шаҳри Шанхай ба хабарнигорон гуфт, ҳангоми баррасии нақша бояд манофеъи кишвар ба инобат гирифта шавад. Ҷумарт Оторбоев, нахуствазири Қирғизистон, гуфтааст, ки барои иҷрои нақшаи пайвастан ба Иттиҳоди Гумрукӣ, 400 миллион доллар зарур аст, ки ҳукумат ин пулро надорад. Қарор аст, баррасии ниҳоии нақшаи пайвастани Қирғизистон ба Иттиҳоди Гумрукӣ бо аъзои ин созмон Русия, Белорус ва Қазоқистон рӯзи 29-уми май дар шаҳри Остона сурат бигирад.
XS
SM
MD
LG