Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афроди мусаллаҳ ба консулгарии Ҳинд ҳамла карданд


Мақомоти пулиси Афғонистон мегӯянд, дасти кам се фарди мусаллаҳ ба консулгарии Ҳинд дар шаҳри Ҳирот бо истифода аз минамёт ва хунпораандоз ҳамла кардаанд. Ба гуфтаи маъмурони пулиси Афғонистон, ду ҳамлавар билофосила баъди шурӯъи тирандозӣ кушта шуданд, вале як нафари онҳо ҳамларо ба сарбозони афғон идома медод. Ҳамла субҳи 23-уми май сурат гирифт, вале ҳеҷ кас аз кормандони консулгарӣ осеб надидааст. Ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ҳамларо бар дӯш нагирифтааст. Давлати Ҳинд дар гузашта ин гуна ҳамлаҳо ба намояндагиҳои дипломатиаш дар Афғонистонро кори дасти Хадамоти ҷосусии Покистон хондааст. Чанд рӯз пештар аз ин ҳамла, Нарендра Модӣ, нахуствазири тозатаъйини Ҳинд, Навоз Шариф, ҳамтои покистонии худро ба маросими адои савганди худ ба Деҳлӣ даъват кард.
XS
SM
MD
LG