Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Корзори тарғиботии интихоботи Украина поён меёбад


Номзадҳо ба мақоми раёсати ҷумҳурии Украина рӯзи 23-уми май ба корзори тағиботии худ хотима медиҳанд. Як рӯз пештар аз ин дар ҳамлаҳои хунини ҷудоихоҳони тарафдори Русия дар вилояти Донетск 17 сарбози украинӣ кушта шуданд. Интихоботи раёсати ҷумҳурии Украина рӯзи 25-уми май баргузор мешавад ва Петро Порошенко, тоҷири сарватманд ва соҳиби ширкатҳои қаннодӣ назар ба 20 номзади дигар, аз ҷумла Юлия Тимошенко, нахуствазири собиқ шанси бештари пирӯзиро дорад. Дар сурати пирӯз наомадани ҳеҷ яке аз номзадҳо даври дуввуми интихобот рӯзи 15-уми июн баргузор мешавад. Петро Порошенко қавл додааст, ки дар сурати расидан ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ ба нооромиҳо дар шарқи Украина дар муддати се моҳ поён медиҳад. Рӯзи 22-уми май дар шаҳри Волноваха дар вилояти Донетск дар ҳамлаи ногаҳонии ҷудоихон 16 сарбози украинӣ кушта шуд. Як сарбози дигарро дар маҳаллаи Рубижне дар наздикии шаҳри Луҳанск куштанд. Арсений Ятсенюк, нахуствазири Украина гуфт, ки Русия саъй дорад, интихоботи раёсати ҷумҳуриро халалдор кунад. Ӯ аз Шӯрои Амнияти Созмони Миллал хост, бо баргузории як нишасти фавқуллода бӯҳрон дар Украинаро баррасӣ кунад.
XS
SM
MD
LG