Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати "толибҳои тоҷикистонӣ" дар ҳамла ба Юмгон


Дар ҳамлаи Толибон ба минтақаи Юмгони Бадахшони Афғонистон, ки дар пайи набардҳои шадид билохира ба дасти Толибон афтодааст, аз "толибони тоҷикистонӣ" ҳам ном бурда мешавад.

Мақомоти маҳаллӣ дар Бадахшони Афғонистон таъйид карданд, ки вулусволии Юмгони ин вилоят соати 10-и субҳи 21 май аз контроли нерӯҳои афғон хориҷ шуда ва феълан дар тасарруфи Толибон қарор дорад. Миёни толибҳое ки ба ин вулусволӣ ҳамла кардаанд, ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, аксар хориҷиён, аз ҷумла "толибони тоҷикистонӣ" будаанд.

Ҷангҷӯёни Толибон дар ҳамла ба посгоҳҳои пулис дар шарқ ва шимолушарқи Покистон дасти кам 10 афсари пулисро куштаанд. Ба гуфтаи Абдулқодир Сайёд, як мақоми пулиси вилояти Бадахшон, Толибон рӯзи 21-уми май ба пойгоҳи маъмурони пулис дар ноҳияи Юмгон ҳамла кардаанд ва барои қатъи иртиботи телефонии ноҳия ва маркази вилоят, манораи мавҷгирро дар Юмгон вайрон кардаанд. Навид Фӯрутан, сухангӯи волии Бадахшон, гуфт, ҳамла назар ба ҳамлаҳои пешин бисёр “сахт” буда ва маркази ноҳия ба “майдони ҷанг” табдил шудааст. Бино ба гузоришҳо, дар ҷанг шаш маъмури пулис ва 5 ҷангҷӯи Толибон кушта шудаанд. Айни замон аз вилояти Лағмон гузориш мерасад, ки ҷангҷӯёни Толиб, ки бурқа ба сар карда буданд, ба пойгоҳи пулис дар як ноҳия ҳамла бурда ва чаҳор нафари онҳоро куштаанд.

Наврӯзмуҳаммад Ҳайдарӣ, волии вулусволии Юмгони Бадахшон рӯзи 21-уми май дар мусоҳиба бо бахши дарии Радиои Озодӣ гуфт, ҷангиёне ки ба Юмгон ҳамла намудаанд, бештарашон толибҳои покистонӣ, тоҷикистонӣ, узбакистонӣ, араб ва толибҳои худи Бадахшонанд, ки дар Покистон дарс хондаанд.

Ба гуфтаи Наврӯзмуҳаммад Ҳайдарӣ, ҷангиёни мусаллаҳ рӯзи сешанбе, 20 май болои Юмгон ҳамла намуданд ва нерӯҳои амниятии афғон дар ҳоли дифоъ аз сокинон қарор доштанд, аммо толибҳо рӯзи 21 май ин вулусволиро тасарруф кардаанд. Вай афзуд, ки бо сабаби саривақт ба ин минтақа нарасидани нерӯҳои кумакрасону муҳимоти иловагӣ нерӯҳои амниятӣ ба камбуди муҳимоти ҷангӣ мувоҷеҳ шудаанд. Саранҷом ин вулусволӣ соати 10-и субҳи чоршанбе зери идораи толибҳои мусаллаҳ қарор гирифтааст.

«Мо аз ҳашт моҳ ба ин сӯ дар муҳосира қарор доштем ва қувваҳое ки аз тарафи вазорати дохила дар ин вулусволӣ таъин шуда буданд, бо Толибон муқовимат кардёанд. Вале азбаски ба мо муҳимоти ҷангӣ ва нерӯҳои кумакрасон саривақт нарасид, мутаассифона, вулусволӣ аз дасти мо рафт,» - гуфт Наврӯзмуҳаммад Ҳайдарӣ.

Ҳайдарӣ мегӯяд, дар ин даргирӣ талафоти сангин ба Толибон расидааст. Вай гуфт, ҳамчунин беш аз даҳ сарбози афғон ба асорати Толибон даромадаанд:
«Ба Толибон талафоти зиёд ворид шудааст, чунки мо дар ҳолати дифоъ будем ва онҳо ҳамла карда буданд. Вале асирони нерӯҳои давлатиро гуфта мешавад, бисёр ноҷавонмардона куштанд ва то ҷое ки иттилоъ ёфтем, се зан ҳам дар ин даргирӣ кушта шудаанд.»

Ҷаноби Ҳайдарӣ гуфт, ки дар ҳоли ҳозир беш аз 45 тан аз нерӯҳои амниятӣ дар ҳолати муҳосира қарор доранд ва агар саривақт ба онҳо кӯмак нарасад, кушта хоҳанд шуд.

Дар айни замон, Фазлиддини Айёр, яке аз қумондонҳои Бадахшон ҳам мегӯяд, вулусволии Юмгон дар зери назорати онҳо нест ва нерӯҳои амниятӣ дар ҳоли муқовимат бо гурӯҳи Толибонанд: «Гап сари ин аст, ки Толибон субҳи имрӯз болои вулусволии Юмгон ҳамла намуданд. Мо як нафар кушта ва як нафар захмӣ дорем. Аммо тамос бо маркази вулусволӣ қатъ шудааст, чунки Толибон пояҳои мухобиротиро дар онҷо бо мушак задаанд. Ҳоло нерӯҳои дохила бо чархболҳо омаданд, ки мехоҳем дубора вулусволиро бигирем.»

Вай илова кард, ки дар минтақа феълан даргирӣ ҷараён дорад ва нерӯҳои афғон дар кӯҳҳо дар ҳоли дифоъ қарор доранд.

Ин ҳамлар оҷунбиши тундрави Толибон ба ӯҳда гирифт, аммо ин гурӯҳ аз теъдоди ками кушташудагон хабар додаанд. Наҷибуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон мегӯяд, ки вулусволии Юмгонро афроди мусаллаҳи онҳо тасарруф кардаанд ва дар ин даргирӣ танҳо 3 толиб кушта ва як тан захмӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG