Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон бо Чин чанд санади ҳамкорӣ имзо кард


Нурсултон Назарбоев ва Си Ҷинпинг
Нурсултон Назарбоев ва Си Ҷинпинг
Рӯзи душанбе Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури Қазоқистон дар Шонгҳой бо Си Ҷинпинг-раҳбари Чин мулоқот анҷом дод. Назарбоев барои боздиди давлатӣ дар Чин қарор дорад ва ин боздид аз 19 то 22 май идома меёбад.

Ҳар ду раҳбар эъломияе имзо карданд ва бар ҷараёни имзои қарордодҳои дигари ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф назорат карданд.

Ёддошти тафоҳум роҷеъ ба ҳамкориҳои миёни Бунёди давлатии Сармуқ-Қазина ва Бунёди байналмиллалии Чин ва ҳамкориҳо дар бахши сармоягузорӣ аз ҷумлаи ин санадҳо ба шумор меравад. Миёни ширкати давлатии Қазмунайгаз ва ширкати миллии нафти Чин санад ба имзо расид.


Як санади дигар дар бахши сармоягузорӣ дар бахши полоиши нафт ва истихроҷи ангишт дар Қазоқистон низ имзо шуд.
XS
SM
MD
LG