Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ринат Аҳметов ба эътирози сулҳомез даъват кард


Ринат Аҳметов
Ринат Аҳметов
Ринат Аҳметов-сарватмандтарин шахси Украина даъват кард, ки дар шарқи кишвар бар зидди шӯришиёни ҷонибдори Русия эътирози сулҳомез баргузор шавад. Вай дар як суханронии телевизиониаш шоми 19 май гуфт, “мардум аз зиндагии пуртарсу ҳарос ва террор монда шудаанд”.

Вай ҳушдор дод, ки рафтори ҷудоихоҳони ҷонибдори Кремли Маскав шарқи Украинаро ба сӯи “қатли ом” мебарад. Вай гуфт, шӯришиён барои ин минтақа коре накардаанд, балки ба дуздиву ғорат машғуланд.

Вай аз корхонаҳои металлургӣ, ки таҳти назораташ қарор дорад, даъват кард, ки нисфирӯзии 20 май бар зидди ҷудоихоҳон “тазоҳуроти ҳушдоромези эътирозӣ” баргузор кунанд.

Дороӣ ва сарвати Аҳметов 12 миллиард доллар тахмин зада мешавад ва вай дар шарқи Украина дар Донбасс империяи саноатиро раҳбарӣ мекунад. Вай гуфт, дар саросари Донбас миллионҳо нафар омодаанд ба ин эътирозҳо бипайванданд.
XS
SM
MD
LG