Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кохи Сафед аз воксинзанӣ суистифода нахоҳад кард


Лиса Монако
Лиса Монако
Кохи Сафед қавл додааст, ки барномаҳои воксинзаниро чун пӯшиш барои амалиёти ҷосусӣ истифода намекунад. Хонум Лиса Монако-мушовири аршади Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико дар умури зиддитерроризм ба мудирони 13 донишкадаи машҳури беҳдоштӣ дар ин бора нома фиристодааст. Вай дар ин нома навиштаааст, ки Си Ай Эй ё ЦРУ қавл додааст, ки барномаҳои воксинзаниро барои ҳадафҳои ҷосусӣ истифода нахоҳад кард.

Мудирони донишкадаҳо аз Си Ай Эй баъд аз он интиқод кардаанд, ки аз навиштаҳои матбуотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ Шакил Афридӣ-пизишки покистонӣ чун ҳамкори Си Ай Эй ифшо шуд. Додгоҳи Покистон вайро барои он 33 сол маҳкум ба зиндон кард, ки дар чаҳорчӯбаи яке аз чунин барномаҳои воксинзанӣ паноҳгоҳи Усома бин Лоденро барои Си Ай Эй ошкор кард. Ба дунболи он нируҳои дарёии Амрико дар амалиёте Усома бин Лоденро куштанд.
XS
SM
MD
LG