Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афғонистон дар баргузории интихобот аз Покистон мадад хост


Ҳукумати Афғонистон аз кишвари ҳамсояаш Покистон хост, ба таъмини амният дар ҷараёни даври дувуми интихоботи президентии Афғонистон мусоадат кунад. Масъалаи амният дар мулоқоти сеҷонибаи раиси ситоди артиши Афғонистон Шермуҳаммад Каримӣ, ҳамтои покистонии ӯ Роҳил Шариф ва намояндагони нерӯҳои таҳти сарварии НАТО рӯзи 19-уми май дар Кобул баррасӣ шуд. Афғонистон ҳамчунин аз Покистон хост, ба мушакборони қаламрави Афғонистон аз хоки Покистон хотима гузорад. Кобул муддати зиёдест, Покистонро ба ҳимоят аз ситезаҷӯён айбдор мекунад, вале Покистон ин иттиҳомотро рад. Даври дуввуми интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон14 июн баргузор шуда, сабқат байни ду номзад -- вазири пешини корҳои хориҷӣ Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва вазири пешини молии Афғонистон Ашрафғанӣ Аҳмадзай ҷараён хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG