Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҲНИТ: Тошболтаевҳо узви мо нестанд


Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) узви ин ҳизб будани Мухаммадфозил Тошболтаев, сокини ноҳияи Исфараро, ки тибқи иттилои вазорати корҳои дохилӣ (ВКД), бародари худ Муҳаммадсолиро барои ҷанг алайҳи ҳукумати Башор Асад ба Сурия фиристодааст, рад мекунад.
Маҳмудҷони Файзраҳмон , сухангӯи ҲНИТ рузи душанбеи 19 май ба Радиои Озодӣ гуфт, бар асоси рӯйхати аъзои хизб ва ҳамчунин пас аз омӯзиши масъулони хизб дар шаҳри Исфара, Мухаммадфозил Тошболтаев ва бародараш Муҳаммадсолӣ узви ҲНИТ набуда, зикри вай ҳамчун узви ҲНИТ аз тарафи ВКД як навъ идомаи корзори бадномкунии ин ҳизби мухолиф мебошад.
«Мо рӯйхати аъзои ҳизбро так-так дидем ва бо масъулони ҳизб ва собиқадорон дар Исфара тамос гирифтем. Масъулони ҳизб дар Исфара гуфтанд, ки Муҳаммаадфозилу Муҳаммадсолиро хуб мешиносанд, вале онҳо узви ҳизб ҳеҷгоҳ набудаанд,» - гуфт Маҳмудҷони Файзраҳмон.
Сухангӯи ҲНИТ гуфт, ин бори аввал нест, ки мақомот дониста ё нодониста афроди гумонбар дар ягон аъмолро узви ин ҳизби мухолиф эълон мекунанд. Ба ақидаи ӯ, ин ҳама идомаи маъракаи ҳадафмандонаи бадном кардани ҲНИТ аст.
Дафтари матбуоти ВКД рӯзи 15 май дар барномаи шоми шабакаи аввали телевизиони давлатии Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки Муҳаммадфозил Тошболтаеви 27-сола, сокини шаҳри Исфара, яке аз фаъолони ҳаракати тундгарои исломии «Ансорулллоҳ» ва узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз соли 2009 бо гумони ба ҷанг алайҳи ҳукумати Башор Асад ба Сурия фиристодани бародари 23-солаааш Муҳаммадсолӣ ба ҳабс гирифта шуд.

Сардори маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон Ҷалолиддин Садриддинов дар ин барномаи телевизионӣ иттилоъ дод, ки Муҳаммадсолӣ соли 2013 озими Сурия шуда, моҳи январи соли 2014 дар шаҳри Ҳалаб дар ҷанг муқобили нерӯҳои ҳукуматӣ ҳалок шудааст.
XS
SM
MD
LG