Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Машқҳои ҳарбии нерӯҳои Ӯзбакистон дар Бухоро


Вазорати дифои Ӯзбакистон тасдиқ кард, ки дар шаҳри Бухоро машқҳои ҳарбӣ ҷараён доранд. Ин дар ҳолест, ки садҳо сарбоз дар кӯчаҳои шаҳр посгоҳҳо таъсис дода, ба тафтиши раҳгузарон машғуланд. Як сокини шаҳр бо номи Шоҳрух ба Бахши ӯзбакии Радиои Озодӣ гуфт, аҳолӣ метарсад, аз хонаҳои худ берун шавад ва овозаҳое мечарханд, ки террористон дар Бухоро фаъол гашта, сабаби ба ин ҷо ворид шудани нерӯҳо шудаанд. Аммо намояндаи Вазорати дифои Ӯзбакистон мегӯяд, ҷое барои тарус ҳарос нест, дар вилояти Бухоро ва минтақаҳои дигари Ӯзбакистон машқҳои ҳарбии амалкард дар ҳоли рӯ задани мавридҳои терроризм ва тундгароӣ ҷараён доранд.
XS
SM
MD
LG