Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷудоихоҳон дар Донетск интихоботи порлумонӣ эълон карданд


Денис Пушилин -раҳбари худхондаи “Ҷумҳурии мардумии Донетск” ва раҳбари гурӯҳҳои ҷудоихоҳи ҷонибдори Русия дар ин минтақа эълон кард, ки 4 сентябр дар Донетск интихоботи порлумонӣ баргузор мешавад.

Пушилин 18 май дар ҳамоише бо ширкати тақрибан 1000 нафар дар майдони ба номи Ленини шаҳр хитоб ба ширкаткунандагон гуфт, “ҳар яке аз шумо ба ин интихобот ҷалб хоҳед шуд”. Вале вай тавзеҳ надод, ки онҳо чӣ тарз дар ин интихобот ҷалб хоҳанд шуд.

Дар ҳамин ҳол дар наздикиҳои шаҳри Славянск дар шарқи Украина даргириҳо шабона идома доштааст. Матбуоти Русия аз номи гурӯҳҳои ҷудоихоҳи ҷонибдори Русия дар маҳал хабар додааст, ки онҳо дар даргириҳо талафот додаанд, аз ҷумла чанд нафар кушта шудаанд.

Хабаргузории давлатии Украина гузориш додааст, ки аз нируҳои ин кишвар 4 нафар захм бардоштаанд. Арсен Аваков-кафили вазири корҳои дохилии Украина гуфтааст, ки як “террорист” кушта шудааст.
XS
SM
MD
LG