Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати Airbus имкони ҳамкориҳо бо Тоҷикистонро меомӯзад


Як ҳайати расмии ширкати Эйрбус (Airbus) барои як боздиди ошноӣ дар Тоҷикистон қарор дорад. Дар ин бора вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон ба радиои Озодӣ хабар дод.

Дар ҷараёни боздид намояндагони ширкати Airbus бо мақомоти зидахли Тоҷикистон заминаҳои ҳамкориҳои имкондошта ва шароити парвозҳоро баррасӣ ва мутолиа хоҳанд кард. Боздиди ҳайат аз Тоҷикистон 19 май ба поён мерасад.

Airbus яке аз бахшҳои тавлидотии Airbus Group аст ва дар Фаронсаву Олмон, Испанияву Британия корхонаҳои тавлидотӣ дорад. Дар соли 2013 ин ширкат 626 ҳавопаймои мусофирбар тавлид кардааст.
XS
SM
MD
LG