Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин 3 ҳазор шаҳрвандонашро аз Ветнам фаро мехонад


Бино ба гузориши хабаргузории давлатии Синхуаи Чин, баъд аз нооромиҳои маргбори зидди чинӣ бештар аз 3 ҳазор нафар чиноиҳоро аз Ветнам фаро хондаанд. Ин нооромӣ замоне сар зад, ки Пекин мехост дар обҳои баҳсбарангези Баҳри ҷанубии Чин дастгоҳҳои ҳафри чоҳҳои зериобии нафтро насб кунад.

Дар задухурди миёни эътирозгарони Ветнам ва коргарони чиноӣ ду чиноӣ кушта ва садҳо нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Синхуа хабар додааст, ки Чин 5 киштии худро ба Ветнам фиристодааст, то чиноиҳоро аз он ҷо барорад.

Ветнам дастур додааст, ки ба эътирозҳои зидди чинӣ хотима диҳанд. Рӯзи якшанбе пулис гурӯҳи эътирозгарон ва рӯзноманигоронро аз назди сафорати Чин дар Ханой пароканда кард.
XS
SM
MD
LG