Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мубориза"-и 15 муҳоҷири тоҷик барои бозгашт ба Русия


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Гурӯҳи 15 нафарии муҳоҷирони тоҷике, ки мақомоти рус монеи вуруди онҳо ба ин кишвар шуданд, тасмим гирифтаанд ки ба додгоҳ шикоят баранд.

Ин муҳоҷирони тоҷик, ки дар оғози ҳафтаи равон тавассути қатораи Душанбе Маскав ба роҳ баромада буданд, аз сӯи марзбонони рус ба ҳудуди ин кишвар роҳ дода нашуданд ва аз марзи Тоҷикистону Қазоқистон бо мушкилу азияти зиёде ба ватан баргаштанд. Мусоҳибони мо мегӯянд, ҳамин тавр пайваста аз қатораҳои Тоҷикистон дар Русия, қариб аз ҳар вагон як ё ду нафарӣ хориҷ ва бозпас гардонида мешавад.

Меҳроб Исмоилиён, яке аз ин мусофирони ихроҷшудаи қатораи Душанбе -- Маскав мегӯяд, дар марз онҳоро бидуни ягон шарҳу далел аз қатора берун кардаанд ва чун аксарият барои бозгашт дигар маблағ надоштан, дар роҳ ба таҳдиду мушкили зиёде рӯ ба рӯ шудаанд: «Моро берун карданду поезд рафт, баъдан ба поезди Хуҷанд савор шудем ва гуфтанд шуморо фақат то Қазоқистон мебарем. Пул талаб карданд мо бо худ надоштем, баъзе бачаҳо илоҷе карда ёфта доданд, аммо мо боз ба иттиҳоди ҷавонон ҳам занг задему бо роҳбалад гап заданд, хостанд кӯмак расонанд ва ҳамин тавр мо расидем.»

Муҳоҷирон, ки акнун мехоҳанд барои бекор кардани қарор дар бораи хориҷ шуданашон аз қаламравӣ Русия мубориза баранд, мегӯянд, ҳама қабл аз сафар дар нуқтаҳои махсуси Хадамоти муҳоҷират дар Душанбе мақоми ҳуқуқии худро санҷида, муайян карда буданд, ки исмашон дар «рӯйхати сиёҳ» нест. Раҳимҷон Абдуллоев яке аз муҳоҷирони дигари ихроҷшуда, мегӯяд, ӯ ки чанд моҳ дар Тоҷикистон ҷойи кори муайяне надошт, бо маблағи қарз ба сафари Русия баромада буд, вале ин маблағро ҳам беҳуда дар роҳ то марзи Русия сарф кардаву баргашт.

«Чандин сол аст ба муҳоҷират меравам, ин бор моҳи октябр омада будам, чанде ин ҷо гаштам баъзан кор дар сохтмон пайдо мешуду баъзан не, 400 доллар қарз гирифта ба Руссия кор кунӣ меравам гуфта будам, акнун қарздор мондам. Ин нуқтаҳое, ки мо дар рӯйхати хориҷшудаҳо будан ё набудани худро тафтиш мекунем, ҳамааш дурӯғ будааст. Ман ин ҷо тафтиш карда будам пеш аз сафар, гуфтанд, бепарво рав. Одамоне, ки аввалин бор ба Русия мераванд, онҳоро ҳам мегардонанд. »
Иззат Амон
Иззат Амон
Иззат Амон, раҳбари иттиҳоди ҷамъиятии ҷавонони Тоҷикистон дар Русия, ки дар саҳфааш дар Фейсбук қазияи мусофирони ихроҷшудаи қатораи Душанбе Маскавро матраҳ ва аз вазорати корҳои хориҷа дархости кӯмак карда буд, мегӯяд, ин созмон омода аст, барои баррасии қазияи мазкур дар додгоҳи Руссия ба муҳоҷирон кӯмак кунанд.

«Онҳо ба мо ҳам муроҷиат карданд, ки барои бекор кардани ин қарор ба суд муроҷиат кунем, ба наздикӣ ин масъаларо ҳатман мо дар додгоҳ баррасӣ мекунем, чун бачаҳо аксарият мегӯянд, намедонанд бо кадом сабаб ва чаро онҳоро бозгардонидаанд. Ва ҳеҷ кас ҳам инро барояшон намегӯяд. Бечораҳо аксарият бо пули зиёд, бо қарз тариқи қатора ё ҳавопаймо ба Русия меоянд, аммо ноумед хориҷ мешаванд.»

Иззат Амон мегӯяд, ҳамарӯза шояд даҳҳо нафар аз Русия бидуни ягон шарҳу сабаб хориҷ мешаванд. Ба гуфтаи ӯ, ҳар рӯз қариб 3-4 чунин шикоят дар додгоҳ баррасӣ мешавад ва баъзан худи додрасҳо ҳам ҳайрон мешаванд, ки чаро як нафар бидуни қоидавайронкуниву иштибоҳе, хориҷ шудааст.

Ахиран хадамоти муҳоҷирати Тоҷикиситон ҳам аз бекор шудани қароре дар нисбати 8 муҳоҷири ихроҷшудаи тоҷик хабар додааст. Шокирҷон Хуршедшоҳзода, яке аз ин муҳоҷирони хориҷшудаи тоҷик будааст, ки тавонистааст дар баҳси додгоҳи баройи лағви қарор дар бораи хориҷ шуданаш муваффақ шавад ва ба кору фаъолияташ дар ин кишвар идома диҳад.

Бино бар иттилои Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, ҳоло беш аз 70 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар рӯйхатти афроде ҳастанд, ки бо иттиҳоми қонуншиканӣ то 5 соли дигар ҳаққи вуруд ба Русияро надоранд. Таҳлилгарон мегӯянд, аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум шудани ҳар муҳоҷири тоҷик ба маъноест, ки дасти кам як хонавода аз манбаи асосии таъмини рӯзгораш маҳрум мешавад.

Ҷамъи муҳоҷирони тоҷикро дар Русия аз 1 то 1,5 миллион нафар ҳисоб мекунанд. Онҳо солона ба Тоҷикистон беш аз 4 миллиард доллар пул мефиристанд, ки аз ҳаҷми буҷаи солонаи ин кишвар бештар ва баробари қариб нисфи маҷмӯи маҳсулоти дохилиаш мебошад.
XS
SM
MD
LG