Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Украина дар Харков музокироти мизи гирд баргузор кард


Сарбозони артиши Украина дар яке аз посгоҳҳои Харков
Сарбозони артиши Украина дар яке аз посгоҳҳои Харков
Ҳукумати Украина даври дуввуми музокироти мизи гирдро зери унвони “ваҳдати миллӣ” баргузор кард. Ҳадафи ин музокирот ё гуфтугӯҳо коҳиши бӯҳрон дар ҷануби шарқи Украина мебошад. Ин мизи гирд дар шаҳри Харков баргузор мешавад ва дар он намояндагони ҷудоихоҳи ҷонибдори Русия ширкат намекунанд.

Арсений Ятсенюк-нахуствазири Украина дар ин музокирот гуфт, ҳадафи ҳукумат ин аст, ки ба ҳукматҳои маҳаллӣ дар минтақаҳо салоҳияти бештар дода шавад, вале ба тақсими кишвар ҳеҷ гоҳ роҳ нахоҳанд дод.

Ин музокирот бахше аз барномаҳо ё Харитаи роҳи Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо аст, ки мехоҳад дар остонаи баргузории интихоботи 25 маи раёсати ҷумҳурӣ дар Украина шиддати бӯҳрон коҳиш ёбад.
XS
SM
MD
LG