Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Данғара барои дарёфти маблағҳои интиқолӣ пул мегиранд


Дар Данғара барои гирифтани маблағҳое, ки муҳоҷирон ба наздиконашон аз Русия тариқи системаи «ЕВРОСЕТ» мефиристанд, пул талаб мекунанд.

Муҳоҷирони корие, ки аз Русия ба ноҳияи Данғара барои наздиконашон маблағ мефиристанд, мегӯянд, ки тайи як моҳи ахир ҳангоми интиқоли маблағ аз тариқи системаи «ЕВРОСЕТ» дар намояндагии бонкҳои Тоҷикистон дар Данғара, аз наздикони онҳо дубора ҳаққи интиқоли маблағро меситонанд.

Рамазон Ҳошимов, сокини ноҳияи Данғара, ки дар вилояти Тюмен ба мардикорӣ машғул аст, рӯзи 16-уми май ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки ба хонаводаашон 800 доллар аз тариқи системаи интиқоли пулии «ЕВРОСЕТ» ирсол доштааст, аммо наздиконашон вақте барои гирифтани пул меоянд, ходими намояндагии «Ориёнбонк» дар Данғара ба ҳар 100 доллар 1 сомонӣ талаб кардаааст.

Рамазон Ҳошимов мегӯяд, ки дар вилояти Тюмен садҳо тан аз данғарагиҳо кору фаъолият мекунанд, аммо ҳар вақте, ки маблағ мефиристанд, намояндагии бонкҳое, ки маблағро ба наздиконашон медиҳанд, фоизи хизмат мепурсанд, дар ҳоле, ки ҳангоми интиқоли пул системаи «ЕВРОСЕТ» ҳаққи интиқоли маблағро мегирад.

Вай афзуд, «бовар кунед, ҳамшаҳриҳои мо ба дигар навоҳии кишвар барои наздиконашон маблағ мефиристанд, вале то ҳол ҳеҷ кадоме онҳо дар вақти интиқоли маблағ шикоят накардаанд. Чунки мувофиқи қонун аз як тараф ҳаққи интиқол гирифта мешавад, вале ҳамин, ки ба Данғара барои падару модарамон пул мефиристем, агар «ҳаққ»-и кормандони бонк дода нашавад, маблағро намедиҳанд.»

Аммо Дафтари матбуоти «Ориёнбонк» дар Душанбе вуҷуди чунин бархӯрд ҳангоми интиқоли маблағ аз Русияро радд кард ва гуфт, ки маъмулан ҳаққи интиқоли маблағ аз як тараф гирифта мешавад. Намояндаи «Ориёнбонк» гуфт, ки ин масъаларо ҳатман меомӯзанд ва натиҷаи онро гузориш хоҳанд дод.

Рамазон Ҳошимов, сокин ноҳияи Данғара, ки дар вилояти Тюмен муҳоҷири корӣ аст, мегӯяд, се рӯз пеш як рафиқаш ба Данғара 2 ҳазор рубли русӣ фиристодааст, аммо намояндаи бонк дар ин ноҳия ба ҳар ҳазор рубл як сомони талаб кардааст.

Русия мизбони садҳо ҳазор муҳоҷирони кории тоҷик аст, ки онҳо солона беш аз 4 миллиард доллар ба Тоҷикистон интиқол медиҳанд, ки ба гуфтаи мақомоти Бонки миллии Тоҷикистон ин маблағ 50, 6 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил медиҳад.

Шарҳҳоро бинед (15)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG