Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Киев музокироти бештари мизи гирд баргузор мекунад


Дидиер Бурхалтер-раиси Созмони Амнияту Ҳамкории Авпупо дар Киев
Дидиер Бурхалтер-раиси Созмони Амнияту Ҳамкории Авпупо дар Киев
Музокироти баъдии мизи гирд барои коҳиши ташаннуҷи вазъ дар шарқи Украина барои 17 май дар назар гирифта шудааст. Мақомоти расмӣ дар Киев эълон кардаанд, ки ин сӯҳбатҳои мизи гирд дар шаҳри Харков баргузор мешавад.

Нахустин музокироти мизи гирд 14 май дар Киев баргузор шуда буд ва дар он намояндагони ҳукумату порламон, раҳбарони пешини Украина ширкат ҷустанд. Вале намояндагони ҷудоихоҳон дар ин музокирот ҳузур надоштанд.

Ҳукумат мегӯяд, қабл аз ширкат дар музокирот ҷудоихоҳон бояд аслиҳаи худро ба замин гузоранд. Аммо намояндагони ҷудоихоҳон мегӯянд, ки онҳо дар музокирот ширкат нахоҳанд кард, агар ҳукумат нируҳои худро аз шарқи Украина берун набарад.

Музокироти мизи гирд бахше аз Харитаи роҳи Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо барои коҳиши ташаннуҷи вазъ дар Украина аст.
XS
SM
MD
LG