Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Модӣ мегӯяд, ки барои ҳамаи ҳиндуҳо хидмат мекунад


Нарендра Модӣ
Нарендра Модӣ
Ҳазорон нафар ҷонибдорон аз Нарендра Модӣ-нахуствазири ояндаи Ҳиндустон ҳангоми вуруд ба Деҳлӣ пазироӣ карданд. Вай баъд аз пирузии чашмгири ҳизбаш дар интихобот мақоми нахуствазириро бар уҳда мегирад.

Нарендра Модӣ аз миллагароёни ҳинду аст ва баъд аз пирузии ҳизбаш эълон кард, ки барои ҳамаи ҳиндуҳо хидмат хоҳад кард. Ҳангоми ҳаракати мошини вай мардум дар роҳ аз фурудгоҳ ба сӯи шаҳр парчамҳоро алвонҷ медоданд.

Модӣ 68 сол дорад ва вай бояд бо мақомоти ҳизбаш аз Бҳаратиа Ҷаната Парти ё Би Ҷей Пи мулоқот ва ташкили ҳукумати навро баррасӣ кунад.

16 май натиҷаҳои ибтидоии интихоботи Ҳиндустон, ки 6 ҳафта давом кард эълолн шуд ва ин натиҷаҳо нишон медиҳад, ки ин ҳизб бояд ба таври мустақил ҳукумати навро ташкил диҳад. Дар 30 соли ахир ҳеҷ ҳизби сисёсӣ ба танҳоӣ натавониста буд ба чунин натиҷа бирасад ва дар танҳоӣ бидуни эътилоф ҳукумати навро ташкил диҳад.

Бино ба натиҷаҳои ибтидоӣ, ин ҳизб 278 курсии порламонро ба даст овардааст, дар сурате, ки барои касби аксарият 272 курсӣ кофӣ буд.
XS
SM
MD
LG