Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Каримов аз мақоми президенти Узбакистон рафтанӣ нест


Раиси ҷумҳурии Узбакистон Ислом Каримов гуфт, ки ба ин наздикиҳо мақоми худро тарк карданӣ нест.

Ба гузориши хабаргузории Франс-пресс, раиси ҷумҳурии Узбакистон Ислом Каримов гуфтааст, ки ба ин наздикиҳо мақоми худро тарк карданӣ нест. Ин суханҳоро президенти 76-солаи Ӯзбакистон рӯзи панҷшанбеи 15 май зимни як конфронс дар шаҳри Самарқанд изҳор доштааст.

Изҳороти назари Ислом Каримов дар мавриди дар қудрат монданаш дар ҳолест, ки қарор аст баҳори соли оянда дар Узбакистон интихоботи президентӣ баргузор шавад. Оқои Каримов дар ҳузури дипломатҳо ва донишмандон гуфтааст, «ман аз ҷумлаи онҳое ҳастам, ки барои дарозмуддат дар қудрат монданам интиқод мешавам. Ман интиқод мешавам, аммо ман хоҳам монд. Аз ман интиқод мекунанд, вале ман мехоҳам кор кунам. Будани ман чӣ мушкил дорад? "

Ислом Каримов аз соли 1988 ба ин тараф дар қабзаи оҳанин Узбакистони 30 миллион нафараро нигаҳ медорад. Ин кишвар ҳамвора барои назорати шадиди ҷомеа ва маҳдудияти озодиҳои шаҳрвандон аз сӯи кишварҳои ғарбӣ ва созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон интиқод шудааст.

Дар авоили соли ҷорӣ хабарҳо нашр шуда буд, ки Ислом Каримов аз саломатии хуб бархӯрдор нест, аммо мақомоти Узбакистонро онро радд карда буданд. Каримов зодаи шаҳри бостонии Самарқанд аст. Ӯ айни ҳол 76 сол дорад ва кӯҳансолтарин аз раҳбарони феълии кишварҳои Осиёи Марказист.

Ислом Каримов гурӯҳҳои исломии мустақар дар кишварро баъд аз ҳодисаҳои бомбгузорӣ дар солҳои 1999 ва 2004 ва ҳамлаи Ҳаракати исломии Узбакистон ба кишвар беамон саркӯб намуд. Таъқибу фишор аъзои ин гурӯҳҳоро маҷбур сохт, ки дар кишварҳои ҳамсоя панаҳ баранд.

Моҳи майи соли 2005 артиши Узбакистон намоиши эътирозии сокинони шаҳри Андиҷонро саркӯб кард. Ҳукумати Узбакистон эълом дошт, ки дар ин ҳодиса 187 нафар кушта шудаанд ва аммо ба иттилоъи созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар теъдоди қурбониён ба карат бештар аст.

Ислом Каримов ба думболи ин нашри ҳама расонаҳои хабарии мухолифи ҳукуматро қатъ кард ва дар бораи бастани дафтарҳои радиоҳои хориҷӣ, аз ҷумла, Би-Би-Си ва Радиои Озодӣ тасмим гирифт ва барои дигарандешӣ дар кишвар ҳатто равзанае боқӣ нагузошт.

Шарҳҳоро бинед (12)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG