Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Созмони Милал аз вазъи ҳуқуқи инсон дар Украина


Кумисари Олии ҳуқуқи башари Созмони Милал мегӯяд, вазъи ҳуқуқи инсон дар Украина, махсусан дар қисматҳои шарқии он ва ҳам нимҷазираи Қрими зери назорати Русия ба гунаи изтиробовар бадтар мешавад. Навӣ Пилай афзуд, онҳое, ки ба гурӯҳҳои мусаллаҳ таъсир доранд, беш аз ҳама дар зӯровариҳои шарқи Украин гунаҳкоранд ва зоҳиран, мехоҳанд, кишварро тақсим кунанд. Вай ҳамчунин ба афзоиши таҳдиду зӯроварӣ ба ҷомеаи тоторҳои Қрим низ ишора кард. Аммо вазорати умури хориҷии Русия гузориши Созмони Милалро “ғайривоқеӣ” ва пур аз “меъёрҳои дугона” номид ва гуфт, ҳадаф аз он “шустани гуноҳҳо”-и ҳукумати Киев аст. Маълумот дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон дар Украина аз тарафи 34 нозири Созмони Милал гирдоварӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG