Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш дар кони ангишт ва норизоятиҳо аз ҳукумати Эрдуғон


Шумораи қурбониёни ҳодисаи фоҷиабори кони ангишти Туркия ҳудудан ба 300 нафар расида ва дар кишвар мотами миллии серӯза эълон гардидааст.

Ҳодисаи фоҷиабор, ки боиси марги садҳо нафар аз коргарони маъдан шудааст, боиси норозигӣ дар ҷомеаи он кишвар гардидааст, ки мегӯянд ҳукумати Туркия барои замонавӣ кардани кони ангишт ва баланд бардоштани таъмини амният дар ин ҷо коре накардааст.

Ба гуфтаи мақомоти ин кишвар, фаъолияти наҷотдиҳандагон дар ҷои ҳодиса - шаҳри Сома алакай як шабонарӯз ба таври мудовим идома дорад. Дар қисми нақби ангишт, ки таркиш рух дода буд, ҳоло ҳам оташ аланга мезанад, ки боиси зиёд шудани дуди ғализ ба чанд километрии атроф шудааст. Як нафар бо номи Каан, ки ҳангоми таркиш дар дохили нақб будааст, ҳодисаро чунин нақл мекунад:
Садҳо нафар аз назикони қурбониён дар атрофии ҷойи ҳодиса ҷамъ шуданд.
Садҳо нафар аз назикони қурбониён дар атрофии ҷойи ҳодиса ҷамъ шуданд.
«Бахт ба рӯи мо хандид. Мо даҳ нафар будем. Мо танҳо ба дохили маъдан дохилшуда дар лифт поин мерафтем, ки садои даҳшатноки таркишро шунидем. Баъдан дуди ғализ ҳамаро фаро гирфит, барқ хомӯш шуд. Лифт аз кор боз монд. Ҳеҷ кас намедонад чӣ ҳодиса рух дод. Талотуми анбӯҳи одамон дар дохили маъдан боиси маҷрӯҳ шудани ман гардид. Дар онҷо одамони зиёде монданд. Ҳамроҳи ман, бародар ва бародарзодаам буд. Маъдани ангишт дар як шабонарӯз дар ду баст фаъолият дошт, ки дар ҳар баст ҳудуди 800 нафар дар зери замин дар маъдан кор мекунанд.»

Наҷотдиҳандагон дар ҷойи ҳодиса шабонарӯз бо навбат кор мекунанд ва ба онҳо сокинони маҳаллӣ ва коргарони маъдан ихтиёрӣ кӯмак мекунанд. Мутахассисон бо истифода аз техникаи махсус ба дохили маъдан ҳаво ворид мекунанд, то ягон нафари дар зери замин зинда монда аз нарасидани ҳаво буғӣ нашавад. Аммо наҷотдиҳандагон аз зинда будани нафаре дар зери замин умеди кам доранд. Чунки аксарияти коргарон ҳангоми таркиш ва қисми дигар аз гази ғализ ба ҳалокат расидаанд. Аз сабаби он, ки аз канори нақб газ мебарояд, кори наҷотдиҳандагонро мушкил кардааст. Аллакай дар рафти бартараф кардани ҳодиса се корманди сӯхторнишонӣ ба ҳалокат расидааст.

Яке аз наҷотдиҳандагон бо номи Айдин гуфтааст, ки дар дохили маъдан аз ҳарорати баланд имкони истодан нест: «Онҷо мисли дӯзах аст. Ангишт месӯзад. Алангаи оташ имкон намедиҳад онро хомӯш кунем. Ҳоло кор дар чуқурии ду километр идома дорад. Дар дохили маъдан танҳо имкони пиёда гаштан аст. Ҷасадҳо зиёд сӯхта варам кардаанд. Ҳар як ҷасадро лозим аст чанд наҷотдиҳанда ба берун кашад. Ба дохили нақб даромадан хеле хатарнок шудааст».

Садҳо нафар аз наздикони ҷароҳатбардоштагон дар назди беморхона ҷамъ шудаанд. Баъд аз ҳодиса ҳудуди 280 нафарро ба беморхона интиқол доданд, ки 81 нафари онҳо бо захмҳои вазнин бистариянд. Ҳамаи онҳо дар шӯъбаи эҳёгарӣ қарор доранд. Аз зиёд будани қурбониён ва ҷароҳатбардоштагон, кормандони тиб ва мошинҳои ёрии таъҷилӣ камӣ мекунанд. Сардхона алакай аз ҷасадҳо пур шудааст. Ҳатто гуфта мешавад, тобутҳо барои ба хок супурдани ҷанозаи ҳалокшудаҳо камӣ мекунад.

Сарвазири Туркия Раҷаб Эрдуғон бо ҳайати аз ҳукумат ва ҳамчунин роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷои ҳодиса дидан карданд. Мақомот аз рафти кори наҷотдиҳандагон мустақиман иттилоъ медиҳанд. Вазири энержии Туркия Танер Йилдиз гуфтааст, ки ҳодисаи фоҷиабор дар пайи расиши ноқилҳои барқ рух додаст, ки дар натиҷаи ба ангишт расидани шӯълаи оташ, сӯхтор ба амал омадааст. Ба гуфтаи вай, дар натиҷа гази заҳрогин ба вуҷуд омадааст, ки як қисми коргарон аз он ба ҳалокат расидаанд.

Сарвазири Туркия Раҷаб Эрдуғон дар назди наздикон ва оилаи ҳалокшудаҳо суханронӣ карда гуфтааст, ки ин аз тақдири онҳо будааст ва онҳоро ба сабр даъват кард. Аммо ҳангоми суханронии Эрдуғон мардуми ҷамъомада ба шӯр омада, чанд нафар ба мошинҳои сарвазир ҳамла карданд, аммо кормандони амниятӣ пеши роҳи онҳоро гирифтанд.

Норозигии мардум аз он будааст, ки ҳудуди 20 рӯз қабл аз ҳодисаи фоҷиабор, шикояте ба парлумон барои вайрон кардани қоидаҳои бехатарии маъдан ва хоҳиши таъсиси коммиссия барои таҳқиқи кор дар ин маъдан ворид шудааст, аммо парлумон инро рад кардааст.

Дар шаҳрҳои Истанбул, Анқара ва Измир ҳазорон нафар барои гиромидошти хотираи коргарони маъдан гирди ҳам омаданд. Дар майдони "Тақсим"-и Истанбул, ки тобистони гузашта шоҳиди гирдиҳамоиҳои зиёд шуда буд, созмонҳои ҷавонон ва донишҷӯён ҷамъ омаданд, аммо полис ба зудӣ онҳоро пароканда кард ва то субҳ мақомоти амниятӣ шаҳрро назорат мекарданд.

Итиҳодияи коргарони ин кишвар алакай барои дастгирии коргарони маъдан аз оғози коршиканӣ хабар додаанд. Ба хотири гиромидошти ҳалокшудагон дар Туркия мотами миллии серӯза эълон шуда, парчами ин кишвар поин карда шудааст. Ҳамчунин ҳамаи нашрияҳои Туркия бо аломатҳои мотам, имрӯз нашр шудаанд.
XS
SM
MD
LG