Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти афсари собиқи Шӯравӣ барои саркӯби хунини мардуми Литва дар соли 1991


Як афсари собиқи Шӯравӣ бо иттиҳоми ширкат дар саркӯби хунини тазоҳуроти истиқлолхоҳии соли 1991-и Литва дар Итолиё боздошт шуд. Сухангӯи Додситонии кулли Литва мегӯяд, ин афсар, ки номаш эълон нашудааст, рӯзи 14-уми май дар Милан боздошт шуда, дар ояндаи наздик ба Литва истирдод мешавад. Дар моҳи март шаҳрванди дигари Русия, Юрий Мел дар марзи Литва боздошт шуд, ки низ ба қатли шаҳрванди Литва дар соли 1991 айбдор мешавад. Нерӯҳои Шӯравӣ замоне даст ба амал заданд, ки 13-уми январи соли 1991 ҳазорон сокинони Литва ба майдонҳо рехтанд ва талабгори истиқлолияти давлатӣ шуданд. Дар саркӯбгариҳои артиши Шӯравӣ он вақт 14 шаҳрванди Литва ба ҳалокат расиданд ва ҳоло ин кишвар ба боздошти 80 афсару маъмури замони шӯравӣ ба ҳамаи кишварҳои ҷаҳон дархост додааст.
XS
SM
MD
LG