Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътироз дар назди клуби ҳамҷинсгароён дар Алмато


Даҳҳо нафар аз мухолифони ҳамҷинсгароӣ ба нишони эътироз аз ин падида дар рӯбарӯи клуби шабонаи ҳамҷинсгароён дар шаҳри Алматои Қазоқистон девори хиштин бунёд карданд. Соҳиби тарабхона ба ин амали тазоҳуркунандагон вокуниш накард ва полисро ҳам даъват нанамуд. Тазоҳурот 10 рӯз баъд аз ин хабари полис ба амал омад, як зани кушташуда дар Остона ҳамҷинсгаро буда, бо зани дигаре ба гунаи ғайрирасмӣ издивоҷ кардааст. Бо иттиҳоми қатл ва пора-пора кардани ҷасади Кристина Чернишова се зан моҳи гузашта боздошт шудаанд. Яке аз онҳо “ҳамсар”-и ғайрирасмии ӯ – Каролдина буда, соли гузашта дар Қарағанда бо Кристина издивоҷ кардааст. Ин аввалин хабари расонаии издивоҷи ҳамҷинсон дар Қазоқистон аст.
XS
SM
MD
LG