Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия мегӯяд, шабакаи Twitter-ро хоҳад баст


Мансабдорони Русия мегӯянд, мумкин аст, хадамоти Twitter, ки барои блогнависии кӯтоҳ сафҳа пешкаш мекунанд, дар ҳудуди Русия манъ шавад. Руслан Гатторов, мушовири раиси Шӯрои Федератсияи Русия рӯзи 16-уми май гуфт, ғайри қобили қабул аст, ки ин хадамот талаби оҷони дидбонии интернет ё “Роскомнадзор”-ро дар маҳдуд кардани нашри “маълумоти мамнӯъ” ва хусусии корбарон нодида мегирад. Ноиби раиси “Роскомнадзор” Максим Ксензов ба рӯзномаи “Известия” гуфтааст, шабакаи Твиттер аз иҷрои талаби ин ниҳод саркашӣ кардааст ва мавқеи “ғайрисозанда” гирифтааст, ки метавонад ба баста шудани он дар Русия сабаб гардад.
XS
SM
MD
LG