Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон субҳи ҷумъа барои ширкат дар нишасти раҳбарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимод дар Осиё, ба Чин сафар кард. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон субҳи рӯзи 16 май ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ширкат дар нишасти сарони давлатҳои узви Машварати ҳамкорӣ ба Чин сафар кард. Дар ин сафар ӯро вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, ёвари президент дар масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Эркинхон Раҳматуллозода, референти калони президент Тоҷикистон Матлубхон Давлатов ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд. Дар ин саммит намояндагони 46 давлат ва созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла президентҳои 11 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Русия, Эрон, Туркия, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон ва ғайра ширкат хоҳанд кард. Ба иттилои расонаҳо, раиси ҷумҳури Чин саммити чаҳоруми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимод дар Осиёро ифтитоҳ намуда ва раҳбарии ин созмонро аз Туркия барои солҳои 2014-2016 хоҳад пазируфт. Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимод дар Осиё як форуми байнулмилалист, ки дар соли 2002 барои густариши тафоҳум ва ҳамкории кишварҳои қораи Осиё таъсис ёфта, аз 17 кишвари узв ва 6 кишвари нозир иборат аст. Дар ҳамоиши Пекин раёсати дусолаи ин созмон аз Туркия ба Чин интиқол хоҳад ёфт.