Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дафтари НАТО дар Тошканд ифтитоҳ мешавад


Дар Тошканд дафтари НАТО боз мешавад, ки чун намояндагии Паймони низомии Атлантикаи шимолӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ амал хоҳад кард.

Рӯзи 16 май дар шаҳри Тошканд дафтари НАТО боз мешавад, ки чун намояндагии Паймони низомии Атлантикаи шимолӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ амал хоҳад кард. Дар ин маросим, ба иттилои радиои Озодлик, намояндаи НАТО дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз Ҷейм Аппартуай иштирок хоҳад кард.

Ӯ аллакай дар Тошканд қарор дорад. Дар маросими ифтитоҳи дафтари НАТО дар пойтахти Ӯзбакистон қарор аст сафирони кишварҳои узви НАТО дар Ӯзбакистон, сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Тошканд ва ҳам мақомоти ӯзбак дар сатҳи ҳукумат ва вазорати умури хориҷаи ин кишвар иштирок хоҳанд кард.

Қарор буд, дафтари намояндагии НАТО дар Тошканд оид ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ 3 маи соли 2013 боз мешуд, чун ҳанӯз тобистони соли гузашта ин ниҳод дар сохторҳои дипломатии Ӯзбакистон сабтином шуд ва моҳи август ба фаъолияти амалиаш шурӯъ кард. Раҳбарии дафтари намояндагии НАТО дар Тошкандро дипломат Александр Винников ба ӯҳда хоҳад гирифт.

Ҳадафи кори ин дафтар дар Тошканед тақвияти муколама ва ҳамкории кишварҳо дар доираи барномаҳои НАТО хоҳад шуд. Қарор аст, ин дафтари ҳамоҳангсоз барои фаъолияти барномаҳои НАТО дар Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон ҳам хизмат кунад. Аз ҳадафҳои аввалиндараҷаи кори дафтари намояндагии НАТО дар Тошканд мусоидат дар берун рафтани нирӯҳои НАТО аз хоки Афғонистон аст, ки қарор аст то охири соли ҷорӣ ба анҷом расад.

Дар ҷараёни рӯз ин мавзӯъ такмил мешавад

XS
SM
MD
LG