Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се ноболиғи тоҷик аз Маскав ба Душанбе фиристода шуданд


Хадамоти консулии Сафорати Тоҷикистон дар Россия 14 майи соли равон бо хатсайри Москва-Душанбе боз се шаҳрванди ноболиғи Тоҷикистон- Давлатшоева Оксана, 23.10.2013 с.т.; Исматуллоев Умар Яқубович, 22.03.2013 с.т.; Мирзоёрова Маҳина Исомидиновна, 15.08.2011 с.т., -ро ба Ватан фиристодааст. Дар ин бора Ҳабибулло Каримов, корманди Хадамоти матбуоти Сафорати Точикистон дар Россия иттилоъ дод. Бино бар гуфти у, ин ноболиғон аз зумраи он кудакони бепарастормонда мебошанд, ки волидайнашон дар Россия аз онҳо даст кашидаанд. Онҳоро Хадамоти консулгарии Сафорат дар натичаи гуфтушунид ва хуччатгузории бардавом аз мақомоти дахлдори Россия қабул намуда, ба намояндаи масъули Вазорати корхои дохилии Точикистон Зокиров Л.Ш. супорид, ки номбурда онхоро Ватан бурд. Ин тифлон то замони ба Ватан фиристоданашон дар мақомоти васоит ва парастории ноҳияи Люблино, Хона – кӯдакистони махсуси №6 ш.Москва ва Хона-кӯдакистони ноҳияи Люберетскии вилояти Москва нигоҳдорӣ мешуданд.
XS
SM
MD
LG