Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешрафти "мушкил" дар гуфтушуниди Ғарб бо Эрон


Мақомоти Эрон мегӯянд, гуфтушуниди “ҳастаӣ”-и ин кишвар ва шаш қудрати ҷаҳонӣ дар Вена, “бо мушкилот” бошад ҳам, пеш меравад. Шашгона, ки аз панҷ узви доимии Шӯрои Амнияти Созмони Милал – Иёлоти Муттаҳида, Чин, Русия, Бритониё, Фаронса ва ҳамчунин бо иловаи Олмон, аз Эрон мехоҳанд, дар ивази бекор кардани бархе аз таҳримҳо фаъолиятҳои ҳастаии худро маҳдид гардонад. Қарор аст, дар ин ҳамоиш бар пояи созиши муваққат як қарордоди ниҳоӣ омода гардад. Мушовири амнияти миллии Иёлоти Муттаҳида Сусан Райс дар Вашингтон гуфт, Эрон бояд бо даст ба корҳои амалӣ ва озмудашаванда занад вагарна роҳ ба созишномаи ниҳоӣ баста боқӣ хоҳад монд.
XS
SM
MD
LG