Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кабирӣ мехоҳад Бадахшон равад ва сӯитафоҳумҳоро аз байн барад


Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ имрӯз аз Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон дар пайи ҳодисаи бадрафторӣ бо муовинаш Саидумар Ҳусайнӣ ва ба хотири бартараф кардани сӯитафоҳумҳо дар Хоруғ дархости сафар ба Бадахшон кардааст. Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи ҲНИТ 15 май ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки Муҳиддин Кабирӣ имрӯз аз раиси Маҷлиси Намояндагон расман барои сафари корӣ ба Бадахшон дархост намуд. Муҳиддин Кабирӣ зимни таъкиди зарурати сафар худ ба Бадахшон гуфтааст, ки сафари вакили Маҷлиси намояндагон Умаралӣ Ҳусайнов (Саидумар Ҳусайнӣ) ба минтақаи Бадахшон бо дахолати баъзе шаҳрвандон ва бемасъулиятии мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ халалдор карда шуд. Ва бадтар аз ин, баъзеҳо талош карданд, ки ба ин қазия ҷомаи ихтилофи мазҳабӣ бипўшонанд, ки барои ҷомеаи мо хеле хатарнок мебошад. Боқӣ мондани чунин суйитафоҳўмҳо байни қишрҳои гуногуни ҷомеъа заминаи ихтилофотро ба вуҷуд меорад.»

Аммо то ҳануз аз тарафи Шукурҷон Зуҳуров барои сафари кории муҳиддин Кабирӣ ба Бадахшон иҷоза дода нашудааст. Саидумар Ҳусайнӣ, вакили Маҷлиси Намояндагон, ки рӯзи 28 апрел барои вохӯрӣ бо интихобкунандагон ва шарҳи паёми раиси ҷумҳур ба Хоруғ рафта буд, ҳамон рӯз дар сӯҳбат бо "Озодӣ" гуфт, ӯву ҳамроҳонаш дар Хоруғ ҳадафи ҳамлаи як гурӯҳ ба раҳбарии "як шахси наздик ба раиси вилояти Бадахшон" қарор гирифтаанд. Ба гуфтаи Ҳусайнӣ, ҳамлагарон дар дафтари ҳизб мақсади омаданашонро пурсида талаб кардаанд, ки Хоруғро тарк кунанд. Ба гуфтаи Саидумар Ҳусайнӣ, ҳамлагарон ҳатто ба вакили парлумон дастбагиребон шуда ронандаи вайро латтукӯб кардаанд.
XS
SM
MD
LG