Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

САҲА аз гуфтугӯҳои миллии Киев истиқбол кард


Дидиер Бурхалтер, вазири корҳои хориҷаи Шветсия
Дидиер Бурхалтер, вазири корҳои хориҷаи Шветсия
Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо аз оғози нахустин гуфтугӯҳои миллӣ дар Украина роҷеъ ба ислоҳот дар Қонуни Асосӣ ва ҳали бӯҳрон дар шарқи ин кишвар истиқбол кард. Дидиер Бурхалтер-вазири корҳои хориҷаи Шветсия, ки ҳоло раёсати САҲА-ро бар уҳда дорад, 14 май гуфт, музокироти мизи гирди Киев имкон дод, ки баррасиҳои созанда сурат бигирад ва барои машваратҳои оянда, ки бояд дар минтақаҳои кишвар баргузор шавад, замина фароҳам гардад.

Дар музокирот ё гуфтугӯҳои мизи гирд раҳбарони пешин, намояндагони порламон ширкат доштанд, вале ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия омода нашуданд ба ин мизи гирд биёянд. Бурхалтер изҳори умед кард, ки гуфтугӯҳои миллӣ дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурии 25 май ба таъмини суботи вазъ кӯмак хоҳад кард.

Александр Турчинов-кафили раёсати ҷумҳурии Украина изҳор дошт, ки порламон ва ҳукумат омодаанд, ки дар низоми идории давлатӣ тағирот ворид шавад.
XS
SM
MD
LG