Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихроҷи ду зан аз Покистон барои танфурӯшӣ


Додгоҳи Покистон рӯзи 13-уми май ду занро, ки ҳарду шаҳрванди Ӯзбакистонанд ба ихроҷ аз кишвар ҳукм кард. Бино бар иттилои расмӣ, ин ду зан бо роҳи қочоқ ба Покистон ворид шуда, дар ин ҷо машғули фоҳишагӣ будаанд. Шасхе, ки онҳоро ба Покистон оварда ва ба танфурӯшӣ маҷбур кардааст, дар боздошт ба сар мебарад.
Дар изҳороти бахши мубориза бо қочоқи инсон дар Оҷонси бозрасии федеролии Покистон гуфта мешавад, марди боздоштшуда бо номи Парвиз узви як гурӯҳи фаромиллие мебошад, ки занону духтарони кишварҳои Осиёи Марказиро барои истисмори шаҳвонӣ ба Покистон ворид мекунад. Ин шахс, аз ҷумла дар интиқоли ду зан аз Ӯзбакистон бо номиҳои Виктория ва Нодира муттаҳам мешавад. Вай ба онҳо ваъда додааст, ки барояшон дар Покистон коре пайдо кардааст, ки моҳона 1000 доллар даромад дорад. Аммо баъд аз овардани ин бонувон ба Покистон онҳоро маҷбур кардааст, ки бо танфурӯшӣ машғул шаванд. Дар гузашта дар ин кишвар заноне аз Тоҷикистон, Қирғизистон, Озарбойҷон ва Ӯзбакистон барои фоҳишагарӣ боздошт ва ихроҷ шудаанд.
XS
SM
MD
LG